Воалейкум ассалом! Мутаасифона нанавиштаед, ки сухан дар бораи кадом гепатит мераваду кадом дорувориро дар назар доред. Агар дар умум ҷавоб диҳем, пас ҳар як дорувори ва ҳар як табобат давомнокии худро дорад. Агар давомнокии инҳоро тағир диҳем, пас ба инобат гиред, ки самараноки низ метавонад тағир ёбад, яъне кофи нашавад. Аз ин лиҳоз, агар табобатро мутахассис таъин намояд, пас бояд чи қадар давомнокие таъин мешавад, он бояд пурра риоя карда шавад ва худсарона тағир додани он ба манфиати бемор нест.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов