Воалейкум ассалом. Агар ягон нишонаҳои гепатити шадид дар кудак дида нашаванд, пас муоинаи аввалинро мумкин аст баъд аз 3 моҳ гузарондан. Дар мавриди манфи будани натиҷаи тест, боз дар синни 6 моҳагии кудак такрор кардани тест лозим аст, барои пурра инкор намудани сироятпазири ба ин бемори. Дар мавриди мусби будани тест, он дар ҳама ҳолат сироятпазирии кудакро метавонад нишон надиҳад, зеро тестҳо дар асоси пайдо намудани антителаҳо мебошанд, аз ин лиҳоз дар кудак метавонад худи вирус нею, антителаҳои модар вуҷуд дошта бошанд. Аз ин ру, баъд аз мусби баромадани тестҳои фаври ё ИФА, гузаронидани тести ПЦР ҳатми мебошад, то ин ки худи вирусро пайдо намоянд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов