Салом! Гепатитҳои вируси ин гуруҳи бемориҳое мебошанд, ки барангезандаашон вирусҳои гуногун мебошанд, аммо ҳамаи онҳо ба ҷигари одам таъсир мерасонанд. Айни замон якчанд намуди ин вирусҳо пурра омухта шудаанд, аз қабили А, B, C, D, E. Боз якчанд вируси дигар низ вуҷуд доранд, аммо онҳо то ҳол начандон омухта шудаанд.
Роҳҳои сирояти ҳар яки ин вирусҳо гуногун мебошанд, аз ҷумла вирусҳои А ва Е бо роҳи тамосию-рузгори (контактно-бытовой), ки тариқи дастҳои ношуста, асбобҳои рузгор, оби ночушонида ва ғайра мегузаранд. Гепатитҳои вирусии В, С ва Д бошанд тариқи парентерали (хун) ва алоқаи ҷинси мегузаранд.
Равиши ҳар яки ин бемори аз якдигар бо вазниниашон фарқ мекунанд. Нишонаҳо бошанд дар аксари онҳо монанд мебошанд (зардшави ва ғайра). Аз ин лиҳоз барои аниқ намудани намуди вирус бояд ташхиси хун супорид, зеро бархе аз онҳо музмин мегузаранд (В, С) ва оқибат ба оризаҳои вазнин, аз қабили сиррози ҷигар ва саратони ҷигар оварда мерасонанд.
Бештар маълумот дар https://ru.wikipedia.org/wiki/Вирусный_гепатит
Бо эҳтиром,
Умед Талбов