Воалейкум ассалом.
Сарбории вирусии Шумо баланд нест, аз ин лиҳоз ҳавфи гузариш низ баланд нест. Аммо беҳтар мешавад, ки Шумо аз айни замон сар карда табобати ин бемориро гиред ва дар рафти ширмаккони низ онро давом диҳед. Барои маслиҳатҳои муфид ба мутахассиси гастроэнтеролог-гепатолог муроҷиат намоед, ва тавсияи ӯро ба ҷо биёред. Чунин мутахассисро дар Маркази Гастроэнтерология (институт Мансурова), воқеъ дар шаҳри Душанбе метавонед дарёфт кард.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов