Салом!
Машғул бо варзиш вобаста аз марҳилаи сирроз иҷозати гуногун дорад. Яъне дар марҳилаи компенсатори машғул бо варзишҳои сабук ва на он қадар вазнин иҷозат мебошад. Агар марҳилаи декомпенсатории сирроз бошад, албатта дар ин марҳила машғулиятҳои варзиши, ҳатто сабук низ метавонад ба саломати зарар расонад. Аммо дар ҳама ҳолат аз имкониятҳои организми ҳар як шахс низ вобастаги дорад, аз ҷумла мешаванд ҳолатхое, ки ҳатто аз варзиши сабук низ шахс худро бемадор ҳис мекунад. Ба ҳар ҳол дар мавриди бемориҳои ҷигар, алалхусус дар марҳилаҳои ғайрисабук машғул бо варзиши вазнин манъ мебошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов