Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
Мухаммад
16.02.2023
Ассалам алейкум акаи Умед. Илтимос ба саволи ман ҷавоб диҳед. Ман дар Русия ҳастам мешам ва таҳлил супоридам, ҷавоби таҳлилро дар почта равон кардам. Илтимос бинед ва ҷавоб дихед.
Суммарные антитела (IgM, IgG) к вирусу гепатита С (HCV) (Метод ИФА) (Тест-система "Бест анти-ВГС-обнаружено Антитела к структурным белкам (core) вируса гепатита С- обнаружено. Дар ҷавоб навистаги, ки ман гепатит С шудагӣ, ва ин касал то чӣ дараҷа мушкил?
Салом. Вобаста ба ҷавобӣ таҳлилҳо гуфтан мумкин аст, ки дар Шумо эҳтимоли вуҷуд доштани вируси гепатити С ҳаст. Аммо барои аниқ намудани фаъолнокии вирус ба Шумо зарур аст таҳлили сарбории вируси ба воситаи ПЦР супоред. Баъд аз он гуфтан мумкин аст, ки то чӣ андоза аниқ дар Шумо ин вирус вуҷуд дорад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо