Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
Иброҳим
30.01.2023
Салом. Ман як рӯз пеш бо як духтарони кучагард алоқаи ҷинсӣ кардам, дар ҳолати алоқаи ҷинсӣ ғилофак пора шуд ва рафта дар ҳол пешоб карда шустушӯ кардам, ва рафта аз дорухона антисептик спрей харида истифода кардам. Дар чунин ҳолат имконияти ба бемориҳо дучор шудан то чанд фоиз аст? Оё ман дучори беморӣ шуда бошам? Чӣ бояд кард?
Салом. Нисбати кадом беморӣ сухан рафта истодааст, маълум нест. Нисбати ВНМО бошад, пасдар чунин ҳолат хавф вуҷуд дошт, аммо он зиёд нест. Дучори беморӣ шудан ва нашуданро танҳо дар асоси таҳлили хун муайян намудан имконпазир аст. Таҳлили хунро барои пурра аниқ намудан 3 моҳ пас гузаронидан лозим аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо