Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
Бобо
20.12.2022
Ассалому алейкум. Мехостам пурсам, ки гепатити гурӯҳи Б чӣ тавр мегузарад. Дар сомонаи интернет хондам, ки бо роҳи оби даҳан ё ин ки оби бини низ мегузарад. Агар шахси сироятёфта бо як қошуқ ҳам худаш истеъмол кунад ва ҳам ба кӯдак хӯрок диҳад пас ин касали мегузарад ба кӯдак? Ташаккур миннатдорам.
Салом. Бемории гепатити В тавассути хун, яъне дар мавриди тамос бо асбобҳое, ки шахси сироятшуда истифода бурдаасту дар он катраҳои хуни ӯ мондаанд. Инчунин, ин беморӣ тавассути алоқаи ҷинсӣ ва аз модар ба кудак мегузарад.
Ба воситаи оби даҳон, инчунин истифодаи лавозимотхои хурока ин беморӣ намегузарад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо