Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Ассалому алейкум духтур. Ман ба умед, ба шумо савол дода истодаам, шояд ба ман маслиҳат медиҳед. Пешаки рахмат духтур. Ман соли 2019 барои хонадоршавӣ аз муоинаи духтур гузашта, бохабар шудам, ки гирифтори гепатит С ҳастам ва пцр ҳам супоридам. Бо маслиҳати духтур доруи софосбувир бо доклатасвир тақрибан 84 руз истеъмол кардам, баъдан дигар ба духтур муроҷиат накардам. Ҳоло бошад зиёда аз як моҳ мешавад гох-гох сарам чарҳ мезанад. Худо ба шукр дигар шикоят надорам, ин нишонаи гепатит С шуда метавонад?

Ваалейкум ассалом!

Ин нишонаҳо ба гепатити С алоқаманди надоранд. Ба асабшинос муроҷиат намоед.

Барои нисбати гепатити С хулоса баровардан, лозим аст, як маротибаи дигар тахлили ПЦР- микдори (количественный) оиди гепатити С супоред. Натиҷаашро, ки гирифтед метавонед боз суол намоед.

Бо эхтиром,Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.