Салом!
Ба шахсоне, ки гирифтори гепатихои музмин мебошанд, дар тамоми дунё фақат истеъмоли машруботҳои спиртӣ манъ аст.
Организме, ки гирифтори ин вирусҳо мебошад бояд хуроки серғизои колориядор ва тару тозаро истеъмол намояд. Аз сабабе, ки мардуми мо хурокҳои серравған ва чарбуи ҳайвонро (думбаи гусфанд) истеъмол менамоянд, мо табибон истеъмоли ингуна хуроквориро маън менамоем.
Ба беморон мизи парҳезии №5 тавсия дода мешавад, ки аз масҳулотҳои зерин иборат мебошанд:
Маҳсулотҳо ва хурокиҳои тавсияшаванда ва тавсиянашаванда
1. Нон ва маҳсулоти нони. Иҷозат дода мешавад: нони гандуми дируз пухташуда ё хушк кардашуда.
Иҷозат дода намешавад: нони нав пухташуда, тортҳо ва нони бирён кардашуда
2. Гушт ва гушти паранда. Иҷозат дода мешавад: Гушти гови бе равған, харгуш, индюк, мурғ (пусташро чудо карда), ҷушонида шуда ё баъди ҷушонидан дар тафдон пухташуда, ҳасибҳои табибӣ (докторская) ё парҳезӣ.
Иҷозат дода намешавад: чарбу ва гушти гусфанд, маҳсулоти гуштии чарбудошта аз мурғоби, парандаи шикоршуда, магзи сар, ҷигар, гурда, махсулоти гуштии консервакунонидашуда, дуддодашуда, хурокҳои серравған.
3. Моҳӣ. Иҷозат дода мешавад: намудҳои бе равған чушонида шуда, дар буғ пухташуда, бо сабзавот пухташуда, қима (фаршированная) кардашуда.
Иҷозат дода намешавад: Намудҳои серравған, дуддодашуда, сернамакшуда, консервакунонидашуда, тухми моҳӣ (икра).
4. Тухм. Иҷозат дода мешавад: омлет бо сафедаи тухм дар тафдон пухташуда, на зиёдтар аз як зардии тухм дар шабонарӯз.
Иҷозат дода намешавад: сахт ҷушонидашуда, бирён.
5. Маҳсулоти ширӣ. Иҷозат дода мешавад: шир, кефир, ҷурғоти беравған, қаймоқи (сметана) беравған барои илова кардан ба хурокҳо, твороги туршношуда ва маҳсулотҳои аз творог тайёр шуда, панири мулоими камнамак.
Иҷозат дода намешавад: қаймоқ, творогҳои туршшуда.
6. Равғанҳо. Иҷозат дода мешавад: равғани зарди (масло сливочное) табиӣ, равғанҳои растанигӣ аз офтобпараст, ҷуворимакка, зайтун.
Иҷозат дода намешавад: равғани якчанд маротиба гарм кардашуда, равғани обкардашуда (топленое масло), чарбу ва равғани гов, гусфанд, хук, маргарин, равғанҳои каннодӣ.
7. Ғалладонагиҳо, макаронҳо ва лубиёҳо. Иҷозат дода мешавад: Тамоми намуди ғалладонагиҳо бо тайёр намудани шӯла бо илова намудани сабзӣ,меваҳои хушконидашуда, оши палав бо сабзавотҳо ва мевагиҳо, угро ва макаронҳои ҷушонидашуда.
Иҷозат дода намешавад: тамоми намуди лубиёҳо, ғалладонагиҳо ва макарони бирёнкардашуда.
8. Сабзавотҳо. Иҷозат дода мешавад: хом, ҷӯшонидашуда, буғкардашуда, дар тафдон пухташуда, пиёз баъди ҷушонидан, карами каме намакхурдашуда.
Иҷозат дода намешавад: редис, турб, туршалаф (щавел), сирпиёз, сабзавотҳои намакхобонидашуда.
9.Шурбоҳо. Иҷозат дода мешавад: ширӣ, дар булёни сабзавотҳо бо макаронҳо ҷушонидашуда, угро, карамшурбо, шурбои сабзавотӣ.
Иҷозат дода намешавад: тамоми шурбоҳое, дар булёни гуштӣ, мохигӣ ва занбуруғӣ тайёр мешаванд.
10. Мевагиҳо, хурокҳои ширин ва шириниҳо. Иҷозат дода мешавад: мевагиҳое, ки турш набошанд, шарбатҳо, қанд, мураббоҳо, конфетҳое, ки шоколад надоранд, асал.
Иҷозат дода намешавад: мевагиҳои турш, шоколад, яхмос ва махсулотҳои яхмосӣ.
11. Чошниҳо ва ханутиҳо (Соусы и пряности). Иҷозат дода мешавад: ширӣ, қаймоқӣ, сабзавотӣ, мевагӣ. Ордро барои тайёр намудани чошниҳо бирён намекунанд.
Иҷозат дода намешавад: чошниҳои тезӣ дар булёнҳои гуштӣ, моҳигӣ, занбуруғӣ, занҷабил.
12. Нушокиҳо. Иҷозат дода мешавад: чой бо лиму, қаҳва (кофе) бо шир, шарбатҳои сабзавотӣ – мевагӣ, чойгиёҳи хуч.
Иҷозат дода намешавад: қаҳва, какао, нушокиҳои хунук.
Оиди корҳои ҷисмонӣ ва вазбардорӣ гуфтаниям, ки ман ҳолати кунунии Шуморо намедонам ва маслиҳати дода низ наметавонам.
Аслан шикояти асосии шахсони гирифтори гепатитҳои музмин ин беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад ва оҳо қобилияти машқҳои ҷисмониро надоранд. Дар сурати беҳтар будани ҳолататон ба Шумо машқҳои сабуки ҷисмони барои солимгардони иҷозат дода мешавад. Лекин машқҳои маайян барои беморони гирифтори гепатитҳои музмин вуҷуд надорад.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов