Салом!
Ҳама гуна моддаҳои хоҳ фоиданок ва хоҳ зарарнок, ки ба организми одам ворид мегарданд, тавассути ҷигар гузашта, безарар гардонида мешаванд. Дуди чилим (калян) низ аз моддаҳое мебошад, ки зарари зиёд дорад ва дар навбати худ метавонад ба ҷигар низ таъсири манфии худро расонад. Албатта ин дуд зиёдтар ба узвҳои нафаскашӣ зарар мерасонад, аммо ҷигар низ дар безараргардонии ин моддаҳо фаъолона иштирок менамояд ва метавонад осеб бинад. Илова бар ин, агар шахс гирифтори Гепатит бошад, пас ҷигар дар чунин ҳолатҳо зарари бештар мебинад.
Барои маълумоти бештар ба истинодҳои зерин нигаред: https://rnd.med.cap.ru/shkoli-zdorovjya/statji-na-medicinskie-temi/kurenie-i-pechenj, http://cgon.rospotrebnadzor.ru/content/62/3807.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов (духтури сироятшинос)