Салом.
Чунин омилхо бо вируси герпес метавонад пайвандӣ дошта бошанд, аммо онҳоро танҳо мутахассис дар асоси муоинаҳои гуногун, инчунин нишонаҳои клиникии он дар бемор метавонад аниқ намояд. Аз ин лихоз, танхо дар таҳлилхо нишон додани вуҷудияти ин вирус дар организм шаҳодати фаъол будани он ва ба вуҷуд овардани оризаҳоро надорад. Дар ҳама ҳолат ба мутахассисон (гинеколог, уролог, андролог) бояд муроҷиат намуд, то ин, ки сабабҳои асосии ин ё он оқибатхоро муайян созанд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов