Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
ахмад
17.05.2021
Салом. Таҳлили анализ гепатити с баромад. Вирус дар ҳолати фаьол. Ҷигарамро санҷидам, нағз баромад. Доруи Собосбофир истеьмол намудам мудати 84 рӯз. Баъди табобат анализ супоридам. Гуфтанд вирус мурда аст. Баъди як сол боз анализ супоридам, гуфтанд, ки тоза аст. Ҳоло ман чӣ кор кунам? Оё пурра табобат ёфтаам ё не? Бахшиш ҷавобатонро интизорам. Раҳмат
Салом, ташаккур барои савол.
Эхтимоли пурра табобат ёфтанатон зиёд аст. Аммо барои пурра хулоса баровардан соле 1 маротиба супоридани таҳлили ПЦР барои вирус зарур аст. Агар пас аз 3-4 сол вирус дарёфт нашавад, хулоса баровардан мумкин аст, ки он пурра аз организм бартараф шудааст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо