Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Вируси гепатити В аз С чӣ фарқият дорад?

Салом. Ташаккур барои савол

Гепатити В ва С гарчанде таъсирашон ба организм як бошад, яъне ба ҷигари инсон зарар доранд, аммо дар навбати худ аз якдигар бо як зумра хусусиятҳо фарқ мекунанд, масалан:

- хавфи сироятшавӣ. Хавфи сироятпазирии гепатити В зиёдтар аст.

- равиши беморӣ. Гепатити В дар аксар ҳолат шадид мегузарад ва танҳо дар 10-15% ҳолат ба шакли музмин мегузарад. Гепатит С бошад баръакс, дар аксар ҳолат ба шакли музмин гузашта, дар оянда ба сиррози ҷигар ё саратони ҷигар оварда мерасонад.

- оризаҳо. Гепатити В дар баъзе ҳолат оризаи шадид ба намуди энцефалопатияи ҷигарӣ (печеночная кома) медиҳад, ки дар гепатити С он қариб ки дида намешавад. Инчунин саршавии шаклҳои шадиди ин беморӣ гуногун мебошанд.

- давомнокии табобат ва доруворӣ. Айни замон гепатити С дар тӯли 3 моҳ табобат мешавад, ҳол он ки гепатити В дар тӯли 1 сол ва беш аз он. Дорувориҳо ва арзиши онҳо низ гуногун мебошанд.

- пешгирӣ. Айни замон ваксина нисбат ба гепатити В мавҷуд аст, нисбати гепатити С бошад, чунин мавод вуҷуд надорад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.