Салом.
Аломати асосии бемории гепатитҳо ин зардшавии пӯсти бадан ва луобпардаҳо мебошад. Аммо то сар задани зардӣ, дигар аломатҳои умумӣ ба монанди беҳолӣ, бемадорӣ, буғумдардӣ, баландшавии ҳарорати бадан ва ғайра пайдо мешаванд, ки муддати то 10 рӯз давом мекунанд. Ҳамзамон, гуфтан зарур аст, ки дар баъзе ҳолатҳо беморӣ бидуни зардшавӣ мегузарад. Вобаста ба намуди гепатит, ҳастанд ҳолатҳое, ки беморӣ ба шакли музмин мегузарад ва то ба амал омадани оризаҳо (сиррози ҷигар, саратони ҷигар) ягон нишона надорад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов