Салом.
Вируси бемории гепатити В хатари ба тифл гузаштанро дорад, аммо на дар ҳама ҳолат. Аз ин рӯ, барои фаҳмидани сироятшавии фарзандонатон, онҳо бояд ҳатман аз ташхиси ин беморӣ дар озмоишгох гузаранд, яъне хун супоранд. Танҳо бо ин роҳ фаҳмидан мумкин аст.
Оиди худатон, тавсия медиҳам, ки барои аниқ намудани фаъолнокии вирус, аз ташхиси сарбории вирусӣ гузаред. Чунки, бемории музмини гепатити В метавонад солҳои сол бе нишона бошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов