Салом. Ташаккур барои савол.
Хатари чунин кор вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, бояд бо духтури сироятшинос ё гепатолог оид ба ҳолати кунунии бемории гепатити В маслиҳат намуда, нисбати ҳомиладоршавӣ тавсияҳои мушаххас бояд гирифт. Агар вируси гепатити В фаъол бошад, пас бояд онро аввал табобат кард, баъдан ҳомиладоршавиро ба нақша гирифт.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов