Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Пеш аз хунро супоридан барои гепатит В ростӣ нисбати худам тамоман шикоят надоштам, тамоми узвҳоям сиҳат буданд. Лекин баъди ташхис вақте ки гуфтанд, гепатит В дорӣ, ҳоло аз сар то нохуни пой ҳама ҷоям дардманд шудааст. Аз як тараф ин ба масъалаи ҳаётии худам оиди хонадор шудан масъалаи глобалиро ба миён овард, аз тарафи дигар вазъи саломатиамро бадтар гардонид. УЗИ кардам, ягон узви дарунам беморӣ надорад, фақат мегӯянд, аз ҳисоби фикри бисёр. Вақте масъалаи хонадоршавӣ, масъали ҳаётии худам инкор шуд, чӣ гуна инсоният метавонад бе фикр бошад. Хоҳиши ман аз Шумо ҳамин аст, ки оиди ин масъала каме равшантар фаҳмонед. Оё зиндагӣ бо ҳамин тамом аст ё ки давом дорад? Оё умеде ҳаст? Оё роҳи ҳалли мушкилӣ ҳаст? Қаблан сипосгузорам аз посухатон!

Салом. Ташаккур барои савол

Нишонаҳои гуфтаатон пурра аз ҳисоби асабҳоятон мебошад, зеро бемории гепатити В чунин нишонаҳо надорад. 

Зиндагӣ бо ҳамин тамом нест, чунки гепатити В дар имрӯза шароит табобатшаванда аст.

Умед хаст. Ҳалли мушкилӣ — табобат мебошад. 

Барои табобат намудан аввал фаъол будани вирусро бояд санҷид. Барои ин таҳлили ПЦР супоридан зарур аст (сарбории вирусӣ). Агар вирус фаъол бошад, табобат намудан лозим аст, агар фаъол набошад пас табобат зарурият надорад.

Бо эҳтиром, 

Умед Талбов. 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.