Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Дуруд, пеш аз ҳама миннатдории худро оиди ташкили чунин сомонаи фоидабахш мерасонам. Баъдан, чунин савол доштам. Ман, чанд сол боз инҷониб нияти хонадор шуданро доштам. Чанд сол борҳо ба монеаҳои зиёд гирифтор шудам ва билохира духтареро маъкули худам донистам. Баъд аз розигӣ додани волидайни духтар мо тасмим гирифтем, ки аз духтур бигзарем, ҳамин тавр ҳам шуд. Вакте аз духтур гузаштем, маро ГЕПАТИТ В буроварданд. Ҳайрон аз он мондам, ки бидуни дур будан аз корхои бад, чаро ин намуд гепатит дар хуни ман ҷойгир шуда бошад. Аз куҷо, чӣ тавр, ростӣ бисёр дар фикр фурӯ рафтам. Мегӯянд, дар вақти дандонканӣ ё дигар вақт мегузарад. Вакте ман дандонҳоямро табобат кардам, аз маводи лозимии худам истифода мебурдам. Падару модари духтар ҳам инро фаҳмиданду кор то ба инкор кардан омада расид. Хамин қадар талошу заҳматхои ман гуё ки ҳеҷ буд. Саволи ман чунин аст, оё дар ҳолати супоридани хун оиди ГЕПАТИТ ягон хел муаммое ҳаст? Оё хатогӣ ҳам мешавад? Дар ҳолати хатогии ДУХТУРОН бояд чӣ кор кард? Оё нархномаҳое ки оиди супоридани гепатитҳо мавҷуданд, аз ҳамдигар фарк мекунанд? Ба ғайр аз алоқаи ҷинсӣ ё дар вақти табобати дандону дигару дигар боз ягон сабаби сироятёбии ин гуна беморӣ ҳаст? Оё дар ҳолати номувофик фаъолияти ягон узви инсон дар холати ташхис ин гуна бемориро мебароварда бошад?

Салом. Ташаккур барои савол.

Оё дар ҳолати супоридани хун оиди ГЕПАТИТ ягон хел муаммое ҳаст? — Муаммо гуфта чиро дар назар доред. Агар пурсиданӣ бошед, ки хатогӣ мешавад ё не, пас ҷавоб ҳа, яъне хатогӣ шуда метавонад.

Оё хатогӣ ҳам мешавад? — Бале мешавад.

Дар ҳолати хатогии ДУХТУРОН бояд чӣ кор кард? — Хатогии таҳлил аз духтурон метавонад вобастагӣ надошта бошад.

Оё нархномаҳое ки оиди супоридани гепатитҳо мавҷуданд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд? — Мумкин, чунки нархи умумӣ вуҷуд надорад.

Ба ғайр аз алоқаи ҷинсӣ ё дар вакти табобати дандону дигару дигар боз ягон сабаби сироятёбии ин гуна беморӣ ҳаст? — Тамоми тамос бо хун метавонад боиси сироят ёфтан шавад.

Оё дар ҳолати номувофик фаъолияти ягон узви инсон дар холати ташхис ин гуна бемориро мебароварда бошад? — Дигар бемориҳои сироятӣ ё бемориҳои музмин метавонанд ба ҷавоби таҳлил таъсир расонанд.

Бо эҳтиром, 

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.