Салом. Ташаккур барои савол.
Гепатитҳои вирусӣ бемориҳои сирояткунанда мебошанд ва худ аз худ пайдо шуда наметавонанд. Барои гирифтор шудан ба ин беморихо бояд шахс сироят ёбад. Роҳҳои сироят якчанд мебошанд ва аз намуди вирус вобастагӣ дорад: гепатитҳои В, С ва Д бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ба воситаи хун, аз модар ба кудак, дигар гепатитҳо бошанд (А,Е) ба воситаи хӯрок, об, дастони ношуста, ашёҳои хона ва ғайра. Гузариш (сироятёбӣ) метавонадҳам дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳам берун аз он (кошонаҳои ҳусн, сартарошхона ва ғайра) сурат гирад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов