Салом. Ташаккур барои савол.
Гепатитҳои вирусӣ — гурӯҳи бемориҳое ҳастанд, ки барангезандаҳояшон вирусҳои гуногун мебошанд (А,В,С,Д,Е), аммо таъсироташон монанданд, яъне ҳамаи онҳо ба ҷигари инсон таъсир мерасонанд. Таъсир ба ҷигар вобаста ба намуди вирус гуногун мебошанд, аз ҳолати сабук то бениҳоят вазнин, ки метавонад ба марг оварда расонад. Инчунин, роҳҳои гузариши вирусҳо гуногун мебошанд: вируси гепатити А ва Е ба воситаи ғизо, об, дастони ношуста, ашёҳои хонавода ва ғайра, вирусҳои В,С,Д бошанд ба воситаи хун, алоқаи ҷинсӣ ва аз модар ба кӯдак мегузаранд.
Маълумоти иловагӣ дар ин нишонӣ дастрас аст: https://www.who.int/features/qa/76/ru/
Бо эҳтиром,
Умед Талбов