Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
Амир
27.01.2021
Салом! Ман қариб 1 моҳ мешавад, ки доруи зиддивирусӣ мехурам. Баъд аз супоридани ИФА ҳепатит Б нишон дод. ПСР насупоридаам. Намедонам, ки сатҳи сарбории вирус фаъол ҳаст ё на. Агар вирус фаъол набошад, дору хӯрданро давом диҳам ба ман зарар мерасонад ё не? (Батферон) истифода мебарам. Бояд 3 моҳ хӯрам?
Салом.
Модоме, ки Шумо як моҳ боз табобат гирифта истодаед, ба Шумо лозим аст, ки пурра табобатро ба итмом расонед, яъне 3 моҳ гиред. Фаъолнокии вирусро айни замон мумкин аст, ки аллакай ташхис нишон надиҳад, аз ин рӯ табобатро давом диҳед. Оиди зарари доруворӣ аз духтуратон пурра маълумот гиред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо