Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Салом. Баъд аз ташхис маълум шуд, ки гепатит в доштаам . Лекин ман ягон шикоят надорам аз саломатии худ, ягонҷоям дард намекунад. Ман бояд чӣ гуна табобат гирам, илтимос мефаҳмондед?

Агар Шумо танҳо ташхис барои муайян намудани HBsAg супоридагӣ бошед, пас бояд таҳлил барои муайянсозии сатҳи сарбории вируси (ПЦР) ҳатмӣ супоред. Қадамҳои оянда вобаста ба ҷавоби сарбории вирусӣ муайян мегардад. Агар сарбории вирусӣ муайян бошад, пас табобат лозим аст, агар номуайян бошад (яъне вирус фаъол нест) табобат лозим нест. Бемории музмини гепатити В солҳои сол бе ягон нишона мегузарад, аз ин рӯ шахси сироятшуда ягон шикоят низ надорад. Дар ин ҳолат танҳо таҳлилҳо ҳолати аниқи бемориро нишон медиҳанд.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

09.11.2026
USDUSD9.21TJSTJS
EUREUR10.30TJSTJS
RUBRUB0.11TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 2637
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 668
    Оиди бемории сил
  • 832
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 407
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 973
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 540
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 658
    Оиди бемориҳои занона
  • 234
    Оиди равоншиносӣ
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2026 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.