Шакли музмини бемории В солҳои дароз (то 15-20 сол) метавонад ягон нишонае дар шахс пайдо накунад ва шахс аз доштани беморӣ дар худ пай намебарад. Аз ин лиҳоз, барои маълум намудани фаъолнокии вирус, Шумо бояд таҳлил (ПЦР) барои аниқ намудани сатҳи сарбории вирус супоред ва баъд аз он аз будан ва набудани вирус хулоса баровардан мумкин аст. Ногуфта намонад, ки таҳлилҳо метавонанд хато низ нишон диҳанд ва ин боз як омилест, ки бояд ҳатман таҳлили сарбории вирусӣ супоред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов.