Ин гуна ҳолатҳо мешаванд, яъне тариқи таҳлили иммуноферментӣ гепатити С муайян мешавад, аммо натиҷаи сарбории вирусӣ (РНК) номуайян мебошад. Духтур дуруст гуфтаанд, ки ба Шумо табобат лозим нест. Мутаасифона, дар чунин ҳолатҳзо таҳлилҳо доимо нишон медиҳанд, зеро антителаҳо нисабати ин вирус дар хун доимӣ меистанд. Инчунин,хуб мешавад, ки соле як бор таҳлили сарбории вирусӣ (ПЦР РНК) супоред. Дар ҳолати муйян шудани вирус масъалаи табобат ба миён меояд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов.