Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
Ситора
17.05.2019
Салом акаи Турахон. Илтимос ба саволи ман ҷавоб нависед. 1сол пеш, ман фаҳмидам ки шавҳарам гепатит В дорад. Аз ин рӯ ман ҳам дархол анализ супоридам, ки тоза баромад. 1сол мешавад ки мо аз рифола истифода мебарем ва ман дар клиникаи Мансуров вакцина 3 бор аз руи нақша гирифтам. Хозир мехоҳам ки фарзандор шавам. Аз хамин метарсам ки аз шавҳар ба ман гепатит нагузарад. Ба мо чи маслиҳат медиҳед духтур?
Салом!
Ман ба Шумо чунин маслиҳат медиҳам, ки айни замон дар Шумо хатари сироятёби нест. Аз ин лихоз ягон мамоният барои хомиладоршавии Шумо нест.
Бо эҳтиром,
Шарифзода Турахон.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо