Салом!
Айни замон ба зан табобати гепатит лозим нест, чунку кудакро мемаконад.
Ба Шумо руйхати махсулотхи мизи №5 (стол №5) пешкаш карда мешавад:
Маҳсулотҳо ва хурокиҳои тавсияшаванда ва тавсиянашаванда
1.Нон ва маҳсулот нонӣ.
Иҷозат дода мешавад: нони гандуми дируз пухта шуда ё хушк карда шуда.
Иҷозат дода намешавад: нони нав пухташуда, тортҳо ва нони бирён кардашуда
2.Гушт ва гушти паранда.
Иҷозат дода мешавад: Гушти гови беравған, харгуш, индюк, мурғ (пусташро ҷудо карда) ,ҷушонидашуда ё баъди ҷушонидан дар тафдон пухташуда, ҳасибҳои табибӣ (докторская) ё парҳезӣ.
Иҷозат дода намешавад: чарбу ва гушти гусфанд, маҳсулоти гуштии чарбудошта аз мурғоби, парандаи шикоршуда, магзи сар, ҷигар, гурда, маҳсулоти гуштии консервакунонидашуда, дуд додашуда, хурокҳои серравған.
3.Моҳӣ.
Иҷозат дода мешавад: намудҳои беравған чушонидашуда, дар буғ пухташуда, бо сабзавот пухташуда, қимма (фаршированая) кардашуда.
Иҷозат дода намешавад, консервакунонидашуда, тухми моҳӣ (икра).
4.Тухм.
Иҷозат дода мешавад: омлет бо сафедаи тухм дар тафдон пухташуда, на зиёдтар аз як зардии тухм дар шабонарӯз.
Ичозат дода намешавад: сахт чушонидашуда, бирён.
5. Махсулоти ширӣ.
Иҷозат дода мешавад: шир, кефир, ҷурғоти беравған, қаймоқи (сметана) бе равған барои илова кардан ба хурокҳо, твороги турш ношуда ва маҳсулотҳои аз творог тайёршуда, панири мулоими камнамак.
Иҷозат дода намешавад: қаймоқ, творогҳои туршшуда.
6. Равғанҳо.
Иҷозат дода мешавад:равғани зарди (масло сливочное) табиӣ, равғанҳои растанигӣ аз офтобпараст, ҷуворимакка, зайтун.
Иҷозат дода намешавад: равғани якчанд маротиба гармкардашуда, равғани обкардашуда (топленое масло), чарбу ва равғани гов, гусфанд, хук, маргарин, равғанҳои каннодӣ.
7.Ғалладонагиҳо, макаронҳовалубиёҳо.
Иҷозат дода мешавад: Тамоми намуди ғалладонагиҳо бо тайёр намудани шула бо илова намудани сабзӣ, меваҳои хушконидашуда, оши палав бо сабзавотҳо ва мевагиҳо, угро ва макаронҳои ҷӯшонидашуда.
Иҷозат дода намешавад: тамоми намуди лубиёҳо, ғалладонагиҳо ва макарони бирён кардашуда.
8. Сабзавотхо.
Иҷозат дода мешавад: хом, ҷӯшонидашуда, буғкардашуда, дар тафдон пухташуда, пиёз баъди чушонидан, карами каме намакхурдашуда.
Иҷозат дода намешавад: редис, турб, туршалаф (щавел), сирпиёз, сабзавотҳои намакхобонидашуда.
9.Шурбоҳо.
Иҷозат дода мешавад: ширӣ, дар булёни сабзавотҳо бо макаронҳо ҷушонидашуда, угро, карамшурбо, шурбои сабзавотӣ.
Иҷозат дода намешавад: тамоми шурбоҳое, ки дар булёни гуштӣ, моҳигӣ ва занбуруғӣ тайёр мешаванд.
10. Мевагиҳо, хурокҳои ширин вашириниҳо.
Иҷозат дода мешавад: мевагиҳое, ки турш набошанд, шарбатҳо, қанд, мураббоҳо, конфетаҳое, ки шоколад надоранд, асал.
Иҷозатдоданамешавад: мевагиҳои турш, шоколад, яхмос ва маҳсулотҳои яхмосӣ.
11. Чошниҳоваханутиҳо (Соусы и пряности).
Иҷозат дода мешавад: ширӣ, каймокӣ, сабзавотӣ, мевагӣ. Ордро барои тайёр намудани чошниҳ обирён намекунанд.
Иҷозат дода намешавад: чошниҳои тезӣ, ки дар булёнҳои гуштӣ, моҳигӣ, занбуруғӣ пухта шудаанд, занҷабил.
12. Нушокиҳо.
Иҷозат дода мешавад: чой бо лиму, қаҳва (кофе), шарбатҳои сабзавотӣ – мевагӣ, чойгиёҳҳо.
Иҷозатдода намешавад: какао, нушокиҳои хунук.
Бо эхтиром,
Шарифзода Турахон.