Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
+7я гость
19.10.2018
Салом, ман гипатити С дорам, 3 моҳ пеш дар клиникаи Мансуров ҳама ташҳиро гузаштам ва табобатро гирифтам бо нархи ҳеле гарон 4 200 сомони ва ба ман духтури табобати гуфт аз вуҷудам тамоман мебарояд вале як ҳавта пеш анализ супоридам вале ташхис нишон дод ки ҳоло ҳам да вуҷудам вирус ҳаст. Ман ба ин бовар карда ва ба оилаи худам бе рифола хобу хез карда истодаам аз инаш метарсам ки вирус гепатит ба оилам мегузарад, илтимос ҷавобашро бе саброна интизорам.
Салом!
Табобати гепатити музмини С бо доруворҳои нав ба монанди Софосбувир, ледипасвир ва даклатасвир ҳама вақт ба табобати пурра, яъне нобудшавии РНК-и вирус оварда мерасонад. Аз ин хотир ба Шумо лозим аст, ки таҳлили хун барои РНК такроран супоред. Нисбати гузаштани вирус ба оилаатон бе парво бошед, чунки эҳтимолияти гузаштани вирус бо алоқаи ҷинси ба оилаатон нест.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо