Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Салом! Вирус аз бактерияҳо аз як дигар чи фарқ доранд?

Салом!

Вирус хурдтарин организм аст, ки метавонад танҳо дар дохили ҳуҷайраҳои зинда зиндагӣ кунад. Дармуҳити беруна, вирус дар қисмҳои моддаҳои биологӣ пайдо мешавад, вале танҳо дар ҳуҷайраҳои зинда зиндагони карда метавонад. Ба ибораи дигар, вирус то он даме ки дар дохили ворид нашавад, фаъол шуда наметавонад.

Баъди ворид шудан ба бадан, вируси аввал худро ба ҳуҷайра часпонда, танҳо пас аз ин афзоиш меёбад. Баъди ин вирус ҳуҷайраро тарк мекунад ва агенти сироятӣ ӯ якҷоя бо хун дар организм паҳн шуда, ба бемори оварда мерасонад. Сироятхои вируси факат бо борувориҳои зиддивируси табобат карда мешаванд.

Бактерияҳо бошад, ин организмҳои пурраи якхуҷайра буда, бо воситаи таксимшави дар табиат берун аз организми инсон ва дар организми инсон инкишоф меёбад. Инкишофи бактерияҳо дар бисер ҳолат берун аз хуҷайра сурат мегирад. Табобати сироятхое, ки бактерияҳо ба вуҷуд меоранд бо антибиотикҳо гузаронида мешавад.

Бо эҳтиром,

Турахон Шарипов

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.