Салом!
Табобати намудҳои сабуқ ва миёнаи гепатити Е дар шароити беморхонаи сирояти аз тарафи табиби сироятшинос гузаронида мешавад.
Ба бемор аз руи мизи №5 перхез, нушидани зиёди об, чой, шарбатҳо таъинот мешавад.
Аз дорувориҳо поливитаминҳо, кислотаи аскорбинка ва антигистаминҳо (диазолин, супрастин) истеъмол намудан лозим аст.
Дар холатҳои вазнин, ки дилбеҳузури, кайкуни мушоҳида мешавад вориди вариди маҳлулҳои глюкоза 5% ё 20% маҳлули рингер ва ғайра истифода мебаранд.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов