Салом!
Аломатхои аввалин гепатити шадиди вирусии В ин хастагӣ, мондашави, дилбеҳузурӣ, кайкуни, тағирёбии ранги пӯст ва сафедпардахои чашмхо (зардшави), баландшавии харорати бадан, тагирёбии ранги пешоб (сурхча) дард бугумхо, аломатхои зукаммонанд ва гайрахо.
Дар вакти пайдошавии ин аломатхо фавран ба духтур мурочиат кардан лозим аст.
Аломатҳои гепатити вирусии С инхо мебошанд: паст шудани кобилияти корӣ, беҳолии умумӣ - хастагӣ, тез мондашавӣ.
Аломатҳои асосии ин бемори, ки баъди воридшавии вирус ба бадан пайдо мешаванд инҳо мебошанд:
- пастшави ё набудани иштиҳо
- дилбеҳузурӣ
- беҳоли, бемадорӣ, мондашавӣ
- пайдошавии дард дар буғумҳо
- зардшавии сафедпардахои чашм ва пусти бадан
- калоншавии андозаи ҷигар ва испурч
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов