Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
3 Некбахт
02.03.2018
Cалом! Нишонаҳои бемории гепатити С чи гуна аст?
Салом!
Аломатҳои аввалини гепатити вирусии С инҳо мебошанд: паст шудани кобилияти корӣ, беҳолии умумӣ - хастагӣ, тез мондашавӣ.
Аломатҳои асосии ин бемори, ки баъди воридшавии вирус ба бадан пайдо мешаванд инҳо мебошанд:
- пастшави ё набудани иштиҳо;
- дилбеҳузурӣ;
- беҳоли, бемадорӣ, мондашавӣ;
- пайдошавии дард дар буғумҳо;
- зардшавии сафедпардахои чашм ва пусти бадан;
- калоншавии андозаи ҷигар ва испурч.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо