Салом!
Бемории гепатитҳоро барангезандаашон вирусҳо мебошад ва бо роҳҳои гуногун ( вобаста аз вирус, гепатити А даҳонӣ, гепатитҳои В ва С бо воситаи хун ва алоқаи ҷинси) сироят мекунанд. Гепатитҳо В ва С дар холати шадид саршуданашон табобат шавандаанд. Гепатити В дар 30% ва гепатити С дар 90% ба гепатити музмин мегузаранд. Айни замон гепатити музмини С табобатшаванда буда, гепатити В бошад то охир табобат намешавад.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов