Салом!
Аз рӯи савали Шумо бармеояд, ки шумо фақат таҳлили хун барои ИФА- HCV супоридаед. Барои дуруст ва пурра ташхис гузоштан бояд Шумо таҳлили хун барои ПЦР РНК супоред.
Дар ҳама ҳолатҳо зани ҳомиладор дар бораи ин вирус дар вақти гузаштани муоинаи аввалин дар назди табибони амрози занона дар ҳафтаҳои аввали ҳомиладорӣ хабар меёбанд. Аз ин лиҳоз ба Шумо гуфтаниям, ки сироятёбии кудак хело кам дида мешавад. Ҳамагӣ дар 5% ҳолатҳо кудак метавонад, дар вақти таваллуд, вақте ки бо раҳҳои таваллуд гузаштан пӯсти вай бо хуни модараш олуда мегардад сироят ёбад (ин ҳам дар ҳоле,ки ҳисоби вирус дар хуни модар зиёд бошад).
Гепатити музмини С хатари зиёд на ба кудак, балки ба зани ҳомиладор дорад. Гепатити музмини С дар зани ҳомиладор ба гестоз, камҳавогии тифл (гипоксия плода), таваллуди пеш аз вақт ва исқоти ҳамл оварда мерасонад
Бо эҳтиром,
Шарипов Турахон