Салом!
Барои он, ки барордари Шумо назди духтур равад, аз Шумо илтимос карда мешавад ки ба Ӯ фаҳмонед ки айни замон ин бемориҳо дар назди табибон табобат мешаванд. Барои табобат шудан ҳамаи шароитҳо мавҷуданд. Аз гуфти Шумо чунин хулоса карда мешавад, ки дар бародари Шумо Сирояти омехтаи вирусҳои ВНМО сироят ва гепатити музмини вирусии С бо гузариш ба сиррози ҷигар рафта истодааст. Агар Шумо сокини шаҳри Душанбе бошед ман маслиҳат медиҳам, ки ба маркази шаҳрии ВНМО муроҷиат намоед ва дар онҷо ба Шумо кумак мерасонанд.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов