Салом!
Агар ман саволи Шуморо дуруст фаҳмида бошам, дар Шумо IgG 163,3 зидди цетамегаловирус ёфтаанд. Барои гузоштани ташхис ин нишондод аҳмият зарур надорад. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки организми шумо кадом вақте ба ин вирус дучор шудааст ва IgG бар зидди ҳамин вирус дар организм ҳосил шудааст. Айни замон барои ҳомиладоршави ва таваллуди кудак - IgG монеъа шуда наметавонад.
Пайдошавии IgM дар таҳлилҳо ва аломатҳои клиникии ин беморӣ нишон медиҳад, ки Шумо ба ин сироят гирифтор шудаед.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов