Салом!
Агар дар зани ҳомиладор, ки бо вируси гепатити С сироят ёфтааст, лекин дар хун тавлид (репликатция), яъне зиёдшавии вирус нест ва миқдори вирус дар хун ба сифр баробар, дар ин ҳолат ба кӯдак ягон хатар дар вақти ҳомиладорӣ ва таваллуд нест.
Дар ҳолати зиёд будани миқдори вирус (вирусная нагрузка) дар хун, хатари сироятёбии кудак аз 20 то 30% вобаста ба ҳафтахои хомиладорӣ меафзояд. Дар ин ҳолат гузаронидани буриши қайсарӣ (кесарево сечение) хатари сироятёбии кӯдакро пешгирӣ менамояд.Агар зан бо ихтиёри худаш аз буриши қайсарӣ даст кашад, дар ин ҳолат бояд чораҳое андешид, то ки сироятёбии кӯдакро пешгирӣ намоем (тамос бо хун ва дигар моъеҳо).
Бо эҳтиром
Турахон Шарипов.