Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Хангоми хепатитхои вируси кадом мизро (пахрез) таъин менамоянд?

Салом!

Ба шахсоне, ки гирифтори  гепатихои музмин мебошанд, дар тамоми дунё факат истеъмоли машруботхои спирти манъ аст.

Организме, ки гирифтори ин вирусхо мебошад бояд хуроки сергизои колориядор ва тару тозаро истеъмол намояд. Аз сабабе, ки мардуми мо хурокхои серравган ва чарбуи хайвонро (думбаи гусфанд) истеъмол менамоянд, мо табибон истеъмоли ингуна хуроквориро маън менамоем.

Ба беморон мизи пархезии №5 тавсия дода мешавад, ки аз масхулотхои зерин ибрат мебошанд:

 Махсулотхо ва хурокихои тавсияшаванда ва тавсиянашаванда

1.  Нон ва махсулоти нони. Ичозат дода мешавад: нони гандуми дируз пухташуда ё хушк кардашуда. Ичозат дода намешавад:нони нав пухташуда, тортхо ва нони бирён кардашуда

2. Гушт ва гушти паранда. . Ичозат дода мешавад:Гушти гови бе равган, харгуш, индюк, мург (пусташро чудо карда) , чушонида шуда ё баъди чушонидан дар тафдон пухташуда, хасибхои табиби (докторская) ё пархези. Ичозат дода намешавад: чарбу ва гушти гусфанд, махсулоти гуштии чарбудошта аз мургоби, парандаи шикоршуда, магзи сар, чигар, гурда, махсулоти гуштии консервакунонидашуда,  дуддодашуда, хурокхои серравган. 3.Мохи. Ичозат дода мешавад: намудхои бе равган чушонида шуда, дар буг пухташуда, бо сабзавот пухташуда, кима (фаршированная) кардашуда.  Ичозат дода намешавад: Намудхои серравган,  дуддодашуда, сернамакшуда, консервакунонидашуда, тухми мохи (икра).

4. Тухм.  Ичозат дода мешавад:  омлет бо сафедаи тухм дар тафдон пухташуда, на зиёдтар аз як зардии тухм дар шабонаруз. Ичозат дода намешавад:  сахт чушонидашуда, бирён.. 5. Махсулоти шири. Ичозат дода мешавад:   шир, кефир, чурготи беравган, каймоки (сметана) беравган барои илова кардан ба хурокхо, твороги туршношуда ва махсулотхои аз творог тайёр шуда, панири мулоими камнамак.  Ичозат дода намешавадкаймок, творогхои туршшуда.

6. Равганхо.  Ичозат дода мешавад:  равгани зарди (масло сливочное) табии, равганхои растаниги аз офтобпараст, чуворимакка, зайтун. Ичозат дода намешавад:  равгани якчанд маротиба гарм кардашуда, равгани обкардашуда (топленое масло), чарбу ва равгани  гов,  гусфанд, хук, маргарин, равганхои канноди.

7.Галладонагихо, макаронхо ва лубиёхо. Ичозат дода мешавад:   Тамоми намуди галладонагихо бо тайёр намудани шула бо илова намудани сабзи,мевахои хушконидашуда, оши палав бо сабзавотхо ва мевагихо, угро ва макаронхои чушонидашуда. Ичозат дода намешавад:  тамоми намуди лубиёхо, галладонагихо ва макарони бирёнкардашуда. 8. Сабзавотхо. Ичозат дода мешавад: хом, чушонидашуда, бугкардашуда, дар тафдон пухташуда, пиёз баъди чушонидан, карами каме намакхурдашуда. Ичозат дода намешавад:   редис, турб, туршалаф (щавел), сирпиёз, сабзавотхои намакхобонидашуда.

9.Шурбохо. Ичозат дода мешавад: шири, дар булёни сабзавотхо бо макаронхо чушонидашуда, угро, карамшурбо, шурбои сабзавоти.  Ичозат дода намешавад:   тамоми шурбохое, дар булёни гушти, мохиги ва занбуруги тайёр мешаванд.

10. Мевагихо, хурокхои ширин ва ширинихо. Ичозат дода мешавад: мевагихое, ки турш набошанд, шарбатхо, канд, мураббохо, конфетхое, ки шоколад надоранд, асал. Ичозат дода намешавад: мевагихои турш, шоколад, яхмос ва махсулотхои яхмоси.

11. Чошнихо ва ханутихо (Соусы и пряности). Ичозат дода мешавад: шири, каймоки, сабзавоти, меваги. Ордро барои тайёр намудани чошнихо бирён намекунанд.  Ичозат дода намешавад:  чошнихои тези дар булёнхои гушти, мохиги, занбуруги, занчабил. 12. Нушокихо. Ичозат дода мешавад: чой бо лиму, кахва (кофе) бо шир, шарбатхои сабзавоти – меваги, чойгиёхи хуч.  Ичозат дода намешавад: кахва, какао, нушокихои хунук.

 

Бо эхтиром,     

Шарипов Турахон


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 2637
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 668
    Оиди бемории сил
  • 825
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 407
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 964
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 532
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 658
    Оиди бемориҳои занона
  • 228
    Оиди равоншиносӣ
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.