Салом!
ВНМО-сироят (ВИЧ) ва гепатитхои вируси беморихои алохида мебошанд ва барангезандагонашон низ алохидаанд. Роххои гузариши ВНМО бо баъзе гепатитхои вируси монанд мебошанд ва аз ин лихоз дар баъзе шахсони гирифтори ВНМО беморихои гепатитхои вирусии В, С ва Д низ дида мешаванд. ВНМО метавонад ба чараёни беморихои гепатит таъсири манфи расонад, чунки дар холати паст шудани масуният гепатитхои вируси тез авч мегиранд. Гепатихои вируси бошад ба чараёни ВНМО начандон таъсир мерасонад. Дар холати таъин намудани ТЗРВ (табобати зиддиретровируси) хатман шахси гирифтори ВНМО-ро нисбати гепатитхои вируси аз ташхис гузаронидан даркор аст, чунки аз доштан ва надоштани гепатитхои вируси накшаи ТЗРВ низ метавонад тагир ёбад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.