Салом!
Вируси норасоии масунияти одам бемории ВНМО-сироятро ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷа ҳамаи ситемаҳои бедан осеб меёбад. Асосан ин вирус ҳуҷайраҳои масунияти баданро нобуд сохта, бадани инсонро аз ҳимояи бемориҳо заиф мегардонад.
Роҳҳои гузариши вирус ин алоқаҳои ҷинсии бетартибона, аз хун ба хун, аз модари бемор ба кудак.
Гепатитҳоро бошад вирусҳои А, В, Е. С ба вуҷуд меоранд, ки ба илтиҳоби ҳуҷайраҳои ҷигар (гепатоситҳо)оварда мерасонанд. Дар вақти ин сироятҳо ҳуҷайраҳои масунияти одам бар зидди вируси ворид шуда мубориза мебаранд, ки ба нобуд шавии ҳуҷайраҳои ҷигар оварда, илтиҳоби онҳо пайдо мешавад.
Инчунин роҳҳои табобати ин беморон ҳар хелаанд. Бемории гепатит табобат шаванда буда, корихело пурмашақат аст. Аз ВНМО сироят бошад табобати муайяне, ки ба сиҳатёбии бемор меорад нест. Лекин ин табобати ретровируси ба беҳтар кардани ҳолати беморон таъсир расонда, пешгирии нобудшавии ҳуҷайраҳои масуниятро таъмин менамоянд.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов