Воаллейкум ассалом. Агар зан дар давраи ҳомиладорияш ба бемории сил гирифтор шавад дар батни модар кӯдак ба бемории сил гирифтор намешавад. Баъди таваллуд модар гирифтори бемории сили микробхориҷкунанда бошад имконияти баланди сироятёби ва гирифтор шудани кӯдак ба бемории сил мавҷуд мебошад. Аз ҳамин сабаб дар аксарият вақт кудакро аз модар ба муддати муаян ҷудо мекунанд, ки кӯдак бемор нашавад. Дар давраи синамакони модар бояд ҳатман даҳонашро бо респиратор ё ин ки маска пушонад, ки дар вақти синамакон ба руи кӯдак нафас кашида кӯдакро сироят накунад. Бемории сил ин бемори ирси ё авлоди нест.