Воаллейкум ассалом. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки баъди 3 ҳафтаи қабули доруҳои зиддисили хориҷкунии микробактерияи сил назараш паст мешавад. Аммо хуб мешуд агар бемор табобатро дар шароити хона қабул намояд, барои бемор ҳуҷраи алоҳида омода карда шавад, то он ки дар муҳлати муаян бемор аз аъзоёни хонавода алоҳида бошанд барои пешгири кардани сироятёбии хонавода. Дигар коре, ки барои пешгири намудани сироятёби мебошад ин зуд -зуд ҳавои хонаро иваз кардан ва пешбурдани тарзи хайёти солим аз тарафи аъзои оилаи бемор муҳим мебошад.