Оиди бемории сил
5. САРА270
29.04.2022
Салом, мутахассиси муҳтарам. Ба ман бигӯед, ки самаранокии табобат чӣ хел назорат карда мешавад? Холаам ба бемории сили ҳассос гирифтор аст. Мехоҳам рафти табобат ва саломатии ӯро назорат кунам. Раҳмати калон.
Салом.
Нишонаҳои асосии самаранокӣ ё ин ки табобат хуб рафта истодааст, инҳо мебошанд:
- Дар вақти ташхис гузаштан натиҷаи таҳлили балғам мусбӣ буд ва дар охири моҳи 2-юми табобат манфӣ мешавад.
- Дар акси рентгении қафаси сина доғҳо ё тағйиротҳои пайдошуда дар шушҳо маҳдуд мушоҳида кардан мункин аст.
- Аз аввали оғоз кардани табобат зиёдшавии вазни бемор мушоҳида мешавад.
Беҳбудӣ дар ҳолати умумии бемор мушоҳида карда мешавад.
Бо эҳтиром,
Шаҳноза Аъзамова
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо