Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемории сил

салом. Имрӯз хабар ёфтем, ки табобати ШМС кутоҳмуддат (яъне нуҳмоҳ) шудааст. Оё ман метавонам ки ба табобати кӯтоҳмуддат гузарам, Ман муддати як сол боз дору мехӯрам, ба ман гуфта буданд, ки зиёда аз ду сол табобат бояд гирам. Пешакӣ сипос гузорам!

Салом.

Бале, Шумо дуруст қайд намудед.Дар кишвар табобати кӯтоҳмудати беморони ШМС аз аввали соли 2021 оғоз гардидааст, ки беморони ШМС бори аввал дарёфтшуда, ки на камтар аз як моҳ табобати ШМС гирифтанд, ба реҷаи кўтоҳмуддат фаро гирифта мешаванд. Азбаски Шумо дар табобати ШМС алакай қарор доред, Шуморо ба реҷаи кўтоҳмуддат фаро гирифта наметавонем. Аммо ҳамчун намояндаи соҳаи силшиносӣ ба маълумоти Шумо мерасонам, ки табобати Шумо низ босифат ва таҳти назорати қатъии аъзои Камиссияи маслиҳатию машварати табибон қарор дорад.

Бо эҳтиром, 

Шаҳноза Аъзамова 

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.