Ваалейкум салом. Ташаккур барои савол.
Агар Шумо бемори сили ҳассос бошед, ки бо чор номгӯи дорувор бар зидди сили ҳассос табобат мекунед, вақти қабули доруворӣ муҳим нест муҳим он аст, ки Шумо табобататонро пурра мӯҳлати муаян намуда қабул кунед.
Аммо агар Шумо бемори шакли мутобиқгашта бошед, доруҳоро якҷоя қабул кардан зарур мебошад. Агар қисмашро саҳар ва қисми дигарашро бегоҳ ё рӯзи дигар қабул намоед, ин гуна қабули доруворӣ метавонад ба мутобиқати васеи дорувори қатори дуюм оварда расонад. Инчунин дуруст қабул накардани доруворӣ ва риоя накардани реҷаи табобат ба ҳолати умуми беморони сил таъсири манфӣ мерасонад.
Бо эҳтиром,
Шаҳноза Аъзамова