Салом. Ташаккур барои савол.
Табобати бемории силро дар машварати Комиссия машварати маслиҳати табибон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо гузаронида мешавад, ки дар он консилиум хулоса бароварда мешавад, ки бемор табобатро дар куҷо қабул карда метавонад
Барои дар хона қабул кардани табобат як чанд талаботҳо мавҷуд мебошад:
1. Намуди сироят намекардагии бемории сил, яъне бемор чубчамикроби силро хориҷ намекунад, ё ин ки шакли махками сил мегуянд.
2. Дар хона мавҷуд будани шароит барои ҳуҷраи алоҳида ҷудо кардан барои бемор.
3. Агар бемор бемориҳои ҳамрадиф надошта бошад, пас иҷозат дода мешавад, ки дар хона муолиҷа гирад.
4. Бемор қобилият дошта бошад, ки доруҳояшро саривақт ва ба пуррагӣ истемол намояд.
5. Надоштани таъсири номатлуб ба доруҳои зиддисилие, ки истеъмол мекунад.
Агар ҳамаи ин шартҳо мавҷуд бошанд, пас гирифтани табобат дар хона иҷозат дода мешавад.
Бо эҳтиром,
Шаҳноза Аъзамова