Ташаккури зиёд барои саволи ҷолибатон Гули.
Бемории сил ин бемории ҳаст, ки танҳо бо роҳи ҳаво мегузарад ва барангезандаи он чубчамикроби сил мебошад. Оризаи бемории каронавирус шудан наметавонад, барои он ки барангезандаҳояшон гуогун мебошад. Бемори коронавирус ин бемории вируси мебошад, ки барангезандааш вируси корона мебошад ва бо роҳҳои одди ба монанди дасти ношушта, ҳаво, бо он маводҳое, ки шахси гирифтор шуда ба коронавирус истифода кардааст ё даст расондааст паҳн мешавад. Бемории коронавирус зуд авҷ мегирад ва шахсони дар гуруҳи хаф қарор дошта хафнок мебошад.
Ба гуруҳи хаф дохил мешаванд: шахсони пиронсол, гирифтори диабети қанд, бо фишор баланди, вазни зиёд дошта, беморони сил ва он шахсоне, ки масунияташон паст мебошад.
Бо эҳтиром,
Шахноза Аъзамова