Воалейкум ассалом!
Дар занони ҳомиладор истеҳсоли прогестерон зиёд мешавад, ки ба ҳолати нахҳои мушакҳои ҳамвори бачадон ва масона таъсир мерасонад. Тонуси мушакҳо коҳиш ёфта, эҳтимолияти сироят зиёд мешавад. Илова бар ин, ҳангоми ҳомиладорӣ коҳиши табиии масуният ба назар мерасад, ки эҳтимолияти пайдоиши сироятро низ зиёд мекунад.
Одатан, аввал бактериурияи асимптоматикӣ, ки бо мавҷудияти бактерияҳо дар пешоб тавсиф мешавад, инкишоф меёбад. Дар ин давра ягон шикоят вуҷуд надорад ва агар ин ҳолат табобат карда нашавад, бактериурия метавонад боиси рушди сузоки шадид ва пиелонефрит гардад.
Табобати беморӣ дар ин давра муносибати эҳтиёткоронаро дар бар мегирад. Духтури занона (гинеколог) табобати сабуктаринро бо антибиотикҳо интихоб мекунад, то ба кӯдак дар давраи рушди фаъолтарини он зарар нарасонад.
Саломат бошед!