Воалейкум ассалом! Нуқсонҳои анатомии узвҳои таносули занона, ки ба гематокольпос (ҷамъшавии хун дар маҳбал) оварда мерасонанд, атрезияи пардаи бакоратӣ, пардаи бакоратии комилан пӯшида, септаҳои трансверсивӣ маҳбал, аплазияи қисман маҳбал бо бачадони муътадил коркунанда иборатанд. Сабаби нуқсонҳои рушд таъсири омилҳои тератогенӣ мебошад. Омилҳои беруна инфексияҳо (махсусан вирусҳо), доруҳо (асосан гормоналӣ), тератогенҳои кимиёвӣ (бензин, спиртҳо, фенолҳо, формальдегид), гипо- ё гипервитаминоз, радиатсияи иондоркунанда мебошанд. Дар дохили он патологияҳои метаболикии эндокринӣ ва мутатсияҳои ирсӣ дохил мешаванд.
Шумо бояд аз муоинаи духтури занона (гинеколог) гузаред ва барои гузаштани хуни ҳайз сӯрох кардан лозим.
Саломат бошед!