Воалейкум ассалом! ВДР (спирал) дарди гурдаҳоро ба вуҷуд намеорад. Шумо шояд дар чанд соати аввал пас аз ворид кардани спирал ба бачадон дарди шикам ва дарди пушт (камар) дошта бошед.
Сабабҳои асосии дарди гурда пиелонефрит ё гломерулонефрит мебошанд. Бо вуҷуди ин, синдроми дард метавонад дар заминаи санги гурда, тромбози рагҳои гурда, инчунин ҳангоми сактаи дил инкишоф ёбад. Дард дар минтақаи гурда диққати фаврии тиббиро талаб мекунад.
Саломат бошед!